Ҳоло дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» ҷараён дорад.
Бо иттилои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, чорабиниро директори институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ифтитоҳ намуд.
Дар конференсия беш аз 43 нафар олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони ҷомеа иштирок доранд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои мубрами геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик, равандҳои сиёсӣ ва амниятии минтақа, тағйироти геоиқтисодӣ ва таъсири онҳо ба муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Ҳамчунин, иштирокдорон мавқеи кишварҳои минтақа дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутба, равандҳои муҳими байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба рушди муносибатҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
