Ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон иваз намуд. Аз ин пас футболбози 24-солаи тоҷик дар бошгоҳи «Нефтчӣ»-и Фарғона ҳунарнамоӣ мекунад. Акнун Ҷӯрабоев дар дастаи Виталий Левченко, ки сармураббии собиқи бошгоҳи «Истиқлол» ба ҳисоб меравад, корномаашро идома медиҳад.
Дар мавсими гузашта Зоир Ҷӯрабоев шарафи тими «Сурхон»-и Тирмизро ҳимоя мекард ва дар Суперлигаи Ӯзбекистон 16-бозӣ анҷом додааст.
Ғайр аз Ҷӯрабоев боз ду ҳимоятгари собиқи бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе – легионерҳои украинӣ Алексей Ларин ва Андрей Мишенко дар ҳайати дастаи «Нефтчӣ» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд қайд намоем, ки Зоир Ҷӯрабоев аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллии кишвар 24-рақобат анҷом дода, як гол задааст.