Мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунад.
Шари Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дуюмин чемпионати CAFA байни дастаҳои мунтахаби футзали занонаро мизбонӣ мекунад. Рақобатҳо аз 25-ум то 31-уми январ баргузор мешаванд. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни бонувон аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва ҳар як даста бо ҳамдигар як рақобат анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари имтиёзҳо муайян карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ғолиби якуми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни тимҳои футзали занона мунтахаби Эрон аст, ки соли гузашта дар Душанбе медалҳои тиллоро ба даст оварда буд.