Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсолоти саноатӣ рушд меёбад

Соҳаи саноат дар ноҳияи Дарвоз яке аз самтҳои калидии иқтисодиёт ба шумор меравад. Ҳоло шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳия фаъолият карда, дар пешрафти иқтисодиёти он саҳми назаррас мегузоранд.

Диловар Қосимӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз, дар суҳбат бо мо қайд кард, ки имрӯз дар ноҳия 17 адад корхонаи истеҳсолӣ фаъолият карда истодааст:

«Дар ноҳияи Дарвоз корхонаҳои калони истеҳсолӣ зиёданд. Аз ҷумла, Парки инноватсионии саноатии технологии ноҳияи Дарвоз, ки дар деҳаи Дуробак фаъолият менамояд, тавонистааст дар нуҳмоҳаи соли 2026 ба маблағи 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд».

Яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсолие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият дорад, Парки инноватсионии саноатии технологӣ ба шумор меравад. Хоҷа Қосимзода, сартехнологи Парки мазкур, иттилоъ дод, ки корхона аз соли 2020 фаъолият карда, дар панҷ соли охир дар рушди иқтисодиёти ноҳия саҳми асосӣ гузоштааст:

«Корхонаи мо обҳои ташнашикан, масалан, нӯшобаи хуч истеҳсол мекунад. То нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 107 547 дона нӯшобаи хуч истеҳсол намудем. Мо инчунин дар корхона истеҳсоли доруворӣ ва асали табииро низ ба роҳ мондем. Ҳоло иқдом гирифтаем, ки истеҳсолотро дар солҳои наздик васеъ кунем».

Фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Дарвоз гувоҳи он аст, ки бо истифодаи дурусти имкониятҳои маҳаллӣ ва ҷалби сармоя метавон дар дилхоҳ минтақаҳои дурдасти кӯҳистон саноати рақобатпазирро рушд дод.