Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Забон — нигаҳбони ҳувияти миллат» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба масъалаҳои муҳими сиёсати забонӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги забондонии ҷомеа бахшида шуд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Салима Раҷабзода оғоз ёфт.
Зимни баррасии масъалаҳо таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи покизагии забон, риояи меъёрҳои адабии он ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа масъулияти муҳими шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, масъалаҳои таърихи забони миллӣ, нақши забон дар рушди фарҳанги маънавӣ, вазъи забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, воридшавии вожаҳои ғайримаъмул ба забони давлатӣ ва таъсири забонҳои хориҷӣ ба забондонии ҷавонону наврасон мавриди таҳлил ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Иштирокдорони мизи мудаввар зарурати таҳкими корҳои маърифатӣ, баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар истифодаи дурусти забони давлатӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба фарҳанги забондонии насли ҷавонро таъкид намуданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ танҳо вазифаи муассисаҳои соҳавӣ набуда, масъулияти умумимиллӣ мебошад. Зеро эҳтиром ба забони миллӣ, риояи меъёрҳои он ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар ҷомеа аз нишондиҳандаҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
