Дар Душанбе чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз шуданд

Имрӯз, 29 сентябри соли 2026, дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз карданд. Чорабиниҳо ду рӯз — 29 ва 30 сентябр идома хоҳанд кард.

Дар доираи барномаи чорабиниҳо бори аввал дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ доир мешавад.

Ҳадафи асосии ин ҳамоишҳо таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои минтақа, мубодилаи таҷриба ва баррасии роҳҳои муштараки рушди зерсохтори рақамӣ мебошад. Иштирокчиён масъалаҳои густариши шабакаҳои алоқа, рушди пайвастагии рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла 5G, истифодаи алоқаи моҳвораӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи рақамиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар барномаи чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои амнияти киберӣ, такмили муҳити танзимгарӣ, рушди инноватсия ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Мубодилаи таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштарак аз самтҳои муҳими ин чорабиниҳо ба шумор мераванд.

Баргузории чунин ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе имкон медиҳад, ки кишварҳои минтақа масъалаҳои мубрами рушди алоқа ва рақамикунониро баррасӣ намуда, роҳҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муайян созанд.

Чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рушди рақамӣ кори худро пагоҳ, 30 сентябр низ идома хоҳанд дод.