Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон то санаи 31 октябри соли 2022 аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 4 миллиону 821,2 ҳазор адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,1 фоиз зиёд мебошад.
Феълан ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 1 х 602 адад банкомат ва 2 074 адад терминали электронӣ насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мувофиқан 21,1 фоиз ва 13,8 фоиз зиёд мебошанд.
Илова бар ин, барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 3 933 адад POS-терминал ва 16 861 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 теъдоди онҳо мувофиқан 29,6 фоиз ва 61,2 фоиз зиёд мебошанд.
Cаидэҳсон Ҷалолиён
радиои “Тоҷикистон”