Истеҳсоли дору ба 540 номгўй расид, вале саҳми ширкатҳои дохилӣ 8 фоиз

Тибқи иттилои Хусрав Халифаев, мудири шўъбаи стандартонии маводи дорувории Хадамоти назорати давлатии  тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2022 дар  55-корхона истеҳсоли 540 номгӯйи дору ба роҳ монда шуда, ҳаҷми он 90 миллион сомониро ташкил додааст.

Ин оморро Хусрав Халифаев, дар барномаи «Шифо»-и радиои «Тоҷикистон», ки рӯзи 5-уми январ пешниҳод пахш гардид, баён намуд.  Ӯ мегуфт феълан саҳми ширкатҳои дохилии дар бозори фурӯши дору дар ҳудуди ҷумҳури 8-дар садро ташкил медиҳад.