Набарди навбатии Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ маълум шуд

Баҳодур Усмонов ки дар бокси касбӣ 3 маротиба ҳунарнамоӣ кардааст, акнун набарди чорумашро барпо мекунад.

Ин дафъа рақиби ӯ аз Русия Дмитрий Хасиев аст. Хасиев дар бокси касбӣ 18 набард сипарӣ намуда дар 12 тоаш ғолиб дар 4 тоаш мағлуб ва дар дуи дигар мусовӣ намудааст.

Набарди онҳо санаи 28 феврал дар мусобиқоти RCC Boxing Promotion дар вазни 61,2 кг баргузор мешавад. Макони баргузорӣ шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия.
Ба Баҳодур пирӯзӣ мехоҳем!