Музди маош аз 871 то 2115 сомонӣ. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷойҳои кори холиро ба корҷӯён пешниҳод кард

Агентии хизмати давлатӣ мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои корҷӯён пешниҳод кардааст, ки тариқи озмун қабул карда мешаванд.

Дастгоҳи марказӣ

Сардори шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосиботи Кумита- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115,80 сомонӣ.

Вилояти Хатлон

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кўшониён – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1294,80 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1361,20 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Балҷувон -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ-871,50 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 871,50 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Н.Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 871,50 сомонӣ.

Вилояти Суғд

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1361,20 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бўстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1361,20 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913,20 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши варзиш Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913,20 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1112, 20 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1112, 20 сомонӣ .

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон-1 ҷой, маоши мансабӣ- 913,00 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент-1 ҷой, маоши мансабӣ -913,00 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истиқлол -1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.

Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷ.Расулов -1 ҷой, маоши мансабӣ- 913,00 сомонӣ.

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1294,80 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1294,80 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1571,95 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1294,80 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1294,80 сомонӣ.

Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1361,20 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1062,40 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

– шарҳи ҳол;

– нусхаи диплом;

– 2 дона расми 3х4 ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– маълумотномаи доғи судӣ

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқарраргардида;

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

– маълумотнома (справка-объективка).

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби сардори шуъба:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кадрҳо ва корҳои махсус), телефон: 2-21-18-11.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.