Моҳи январ барои як қатор кишварҳои Аврупо гармӣ пушгӯӣ шуда, аллакай дар баъзе аз минтақаҳо ҳарорати ҳаво қариб ба 30 дараҷа расидааст.
Тавре шабакаи телевизионии “ВВС” хабар медиҳад, ҳоло мавҷи гармо 8 кишвари Аврупо, аз ҷумла Нидерланд, Литва, Латвия, Чехия, Дания ва Беларусро фаро гирифтааст. Дар робита ба гамрии ҳаво фаъолияти минтақаҳои сайёҳии лижаронӣ баста шудааст.
Ҳамзамон дар натиҷаи гармии ҳаво дарахтон гул кардаанд. Баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои Аврупо аз сардӣ ва барфбод азият мекашанд.
Олимон иброз менамоянд, ки гармии ҳаво дар як қатор кишварҳои Аврупо ба раванди тағйирёбии иқлим рабт дошта, дар оянда метавонад, ба ҳаёти инсоният хатар эҷод кунад.