Туркияро тумани шадид фаро гирифтааст…

Рӯзи сеюм аст, ки Истанбул ва минтақаи баҳри Мармараи Туркияро тумани шадид фаро гирифтааст. Дар робита ба ин вазъи ҳаво дар Туркия номусоид гардида, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт имконнопазир гардидааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии Анадолу хабар медиҳад. Идораи хидматрасонии фурудгоҳи Сабиҳа Гӯкчен дар Истамбул хабар додааст, ки ба далели тумани шадид даҳо парвози дохилӣ ва байналмилаӣ ба таъхир гузошта шудааст.

Ҳамзамон, ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз лағви 100 парвоз хабар додааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллӣ ба шаҳрвандони кишвар махсусан ба ронандагон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро дар ин рӯзҳо эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ зиёд аст.