Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии давлати Қувайт бо хатсайри Ал-Кувайт-Душанбе ба Тоҷикистон омаданд

Дирӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода бо намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз давлати Қувайт мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода бо чанд нафар намояндагони шабакаҳои иҷтимони давлати Қувайт суҳбат карда, таассуроти онҳоро аз чанд рӯзи сайёҳат ва боздидашон аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ пурсон шуд.

Абдукарим Қурбонзода, мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” иброз дошт, ки инфо-тур барои намояндагони шабакаҳои иҷтимоии давлати Қувайт бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои таърихию тамошобоби кишвар ва мустаҳкам намудани равобити дустӣ миёти ҶТ ва давлати Кувайт, роҳандозӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки намояндагони шабакаҳои иҷтимоии давлати Қувайт бегоҳи 29-уми декабри соли 2022 тавассути аввалин хатсайри Ал-Кувайт-Душанбе ба кишвари мо омаданд.

Дар фарҷоми ин мулоқот аз ҷониби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ба чор нафар намояндагони шабакаҳои иҷтимоии давлати Қувайт туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин боздиди намояндагони шабакаҳои иҷтимоии давлати Қувайт ба ҳисоб рафта, барои дар оянда бештар гардидани шумораи сайёҳон аз ин кишвар заминаи хубе хоҳад гузошт.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”