Тақвими мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар соли 2023

Соли 2022 барои ҷудочиёни тоҷик, як соли бобарор ва пур аз муваффақиятҳо буд. Махсусан паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов (+100кг) тавонист, ки дар соли 2022 медали тиллоӣ «Grand Slam Baku» ва нишони нуқраро аз мусобиқаи «Jerusalem Masters» ба даст оварад. Дар таърихи ҷудои кишвар ин натиҷаҳо бори аввал буд, ки аз ҷониби ин варзишгари муваффақ ба даст омад.

Соли 2023 аз ин навъи варзиш баргузории як қатор мусобиқаҳои бонуфуз дар назар аст. Дар баробари ҷудочиёни беҳтарини ҷаҳон, инчунин мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳо барои Бозиҳои олимпӣ Париж-2024 талош варзида истодаанд.

Бояд қайд намоем, ки соли 2023 бори аввал дар Тоҷикистон мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Grand Prix Dushanbe оид ба ҷудо баргузор мешавад. Баргузории ин мусобиқа рӯзҳои 2-юм 3-юми июни соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2023 мусобиқаи асосӣ Чемпионати ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки рӯзҳои 7-ум 14-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мегардад.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour дар соли 2023:

Рӯзҳои 27-29 январ: Гран-при, Алмада (Португалия)
Рӯзҳои 4-5 феврал: «Тоскӯлоҳи бузург», Париж (Фаронса)
Рӯзҳои 16-18 феврал: «Тоскӯлоҳи бузург», Тел-Авив (Исроил)
Рӯзҳои 3-5 март: «Тоскӯлоҳи бузург», Тошканд (Ӯзбекистон)
Рӯзҳои 24-26 март: «Тоскӯлоҳи бузург», Тбилиси (Гурҷистон)
Рӯзҳои 31-уми март 2-юми апрел: «Тоскӯлоҳи бузург», Анталия (Туркия)
Рӯзҳои 7-ум 14-уми май: Чемпионати ҷаҳон, Доҳа (Қатар)
Рӯзҳои 25-ум 27-уми май: Гран-при, Линс (Австрия)
Рӯзҳои 2-юм 4-уми июн: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)
Рӯзҳои 23-юми 25-уми июн: «Тоскӯлоҳи бузург», Улан-Батор (Муғулистон)
Рӯзҳои 4-ум 6-ум август: Мастерс, Будапешт (Маҷористон)
Рӯзҳои 18-ум 20-уми август: Гран-при, Загреб (Хорватия)
Рӯзҳои 29-ум 30-юми август: Мусобиқаи тестӣ, Париж-2024 (Фаронса)
Рӯзҳои 22-юми 24-уми сентябр: «Тоскӯлоҳи бузург», Боку (Озарбойҷон)
Рӯзҳои 4-ум 8-уми октябр: Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, Коимбра (Португалия)
Рӯзҳои 10-ум 12-уми ноябр: «Тоскӯлоҳи бузург», Абу Дабӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб)
Рӯзҳои 2-юм 3-юми декабр: «Тоскӯлоҳи бузург», Токио (Ҷопон)

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар аввали моҳи январ барои тамрин ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунад. Барои тамринҳои дастаи мунтахаби кишвар дар соли 2023 мураббиёни ботаҷрибаи ҷопонӣ ҷалб карда мешаванд.

Омодагии хуб ба паҳлавонони тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса имтиёзҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.