Рассомӣ, забони англисӣ, хореографӣ ва сурудхон: Курсҳои ройгони омӯзишӣ ба наврасон дар Филармонияи давлати бачагона

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар соли 2023 даврҳои омӯзишии рассомӣ, забони англисӣ, хореографӣ, сурудхонии суннатию эстрадӣ ва навозандагиро барои наврасони аз 5 то 18-сола ройгон роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Идрис Абдураҳмонзода хабар додааст.

Ҳамчунин И. Абдураҳмонзода гуфтааст, ки соли равон озмуни расмкашӣ доир мегардад, ки барои беҳтарин расми тасвиршуда ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳо муайян гардидаанд.

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 17 августи соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, минбаъд барои рушду ташаккули гурӯҳҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам овард.

Идрис Абдураҳмонзода  зикр доштааст, ки ҳадаф аз ташкили Филармонияи бачагона- ин омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат,  таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавону раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон, таҳсили бадеӣ-эстетикии онҳо ва татбиқи имконияти эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.