3 январи соли 2023 Хисрав Соҳибзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Юсуф Султон Ларам мулоқот намудааст.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.