Шартномаи таҳсил дар солҳои 2023-2024 дар мактабҳои миёна ва олӣ тағйир намеёбад

Нархномаҳои хизматрасониҳои пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2023-2024 дар сатҳи амалкунанда бетағйр мемонанд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дода, навиштааст, ки 22 декабри соли 2022 фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мазмун ба тасвиб расидааст. Ба иттилои манбаъ, ин муқаррарот ба ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд, дахл надорад.

Ба иттилои АМИТ “Ховар” бо фармоиши дигар нархномаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хизматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ мешаванд) бетағйр нигоҳ дошта мешаванд.

Нархномаҳои хизматрасониҳои нақшавии пулакии таълимӣ ва тиббӣ дар ин муассисаҳо тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи нархгузорӣ ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шудаанд.