ЭЪЛОН: Шаҳрдории Душанбе барои ВАО озмун эълон намуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни “беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе”-ро эълон намудааст.

Хоҳишмандон метавонанд маводҳои худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х. Рӯдакӣ 40, Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Талаботи асосии иштирок дар озмун:

Дар озмун танҳо намояндагони ВАО-и давлатӣ иштирок карда метавонанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда бошанд;

Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод

намояд:

– дархост барои иштирок дар озмун;

– нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;

– маълумотнома оид ба суроғаи ҷойгиршавӣ;

– пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе

(дар флэшкорт);

Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 20 дақиқа ва на беш аз 35

дақиқа ва мақола бошад дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи газета) бошад ва дар он дастовард, рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад;

Ҳар як товталаб танҳо як барнома ё мақола пешниҳод карда метавонанд.

Ҷойҳои якум – 10 000 сомонӣ

Ҷойҳои дуюм – 7 000 сомонӣ

Ҷойҳи сеюм – 5000 сомонӣ

Муҳлати охири қабули барномаҳо то 10 январи соли 2023, соати 17:00.

Тел: 2214514