Рӯзҳои 3 ва 4 январи соли 2023 гурӯҳҳои тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд.
Дар ин бора Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, таъкид кардааст, ки ба гурӯҳҳои тарғиботӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, масъулини ҳизбҳои сиёсӣ, собиқадорон шомил буда, тӯли ду рӯз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2022 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.