ДАР АМРИКО ВА ЯПОНИЯ БАР АСАРИ БӮРОНИ БАРФӢ ДАҲҲО НАФАР ҲАЛОК ГАРДИДАНД…

Дар пайи боришоти барф ва туфони шадид як қатор кишварҳои ҷаҳон хисорот диданд. Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бар асари бориши барфи зиёд дар Ҷопон, 17 нафар ба  ҳалокат расида 93 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ки бисёре аз фавтидагон ва маҷрӯҳон ҳангоми тоза кардани барф аз болои боми хонаҳояшон ба замин афтоданд ва бархеро қабатҳои ғафсии барф зер кардааст. Боришоти барф дар шимоли Ҷопон ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд. Дар робита ба ин фаъолияти фурудгоҳои байналмилалӣ қатъ гардида, даҳҳо парвози ҳавопаймо ба таъхир гузошта шуданд. Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон дар бисёре аз минтақаҳои шимолу шарқи Япония назар ба ҳисоби миёнаи зимистон се баробар зиёд барф борид. Дар пайи бурони барфӣ симҳои интиқоли барқ вайрону валангор гардида, садҳо ҳазор сокини маҳаллӣ аз қуваи барқ маҳрум мондаанд. Ба иттилои хабаргузории Киодо сатҳи барф дар деҳаи Окураи вилояти Ямагата ба 172 см, дар деҳаи Отойнеппуи Ҳоккайдо 155 см ва дар шаҳри Уонумаи минтақаи Ниигата ба 128 см расидааст, ки ин баландтарин нишондод барои тамоми мушоҳидаҳои метеорологӣ дар ин минтақа мебошад.

Ҳамзамон, чанд рӯзи охир аст, ки боришоти барф дар ИМА қатъ намегардад.  Ба иттилои хабаргузории ББС дар иёлати Ню Йорк то субҳи рӯзи душанбе бар асари бӯрони барфӣ 27 нафар ба ҳалокат расиданд ва шумораи умумии қурбониён дар ИМА қариб ба 60 нафар расидааст. Хадамоти миллии обуҳавошиносии ИМА дар як изҳороти хеш аз идома ёфтани боришоти  барф ёдовар шуда, ба сокинон ҳушёр додааст, ки дар ин рӯзҳои сардӣ эҳтиёт бошанд.  Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки бинобар баланд будани сатҳи барф ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда шудааст. Ҳоло сардии ҳаво дар якчанд минтақаи Амрико ба 45 дараҷа расидааст Тавре агентии иттилоотии Евронюс дар такя ба маълумоти мақомти маҳаллӣ хабар додааст, бар асари бӯрони барфӣ симҳои интиқоли барқ вайрону валангор гардида, садҳо ҳазор сокини маҳаллӣ аз қуваи барқ маҳрум монданд. Фаъолияти фурудгоҳои байналмилалии Буффало-Ниагара дар иёлати Ню Йорк ва фурудгоҳи Техас қатъ гардида, садҳо парвози дохилӣ ва байналмилалӣ ба таъхир афтоданд. Ҳамзамон бинобар баланд будани сатҳи барф садамаҳои нақлиётӣ низ зиёд гардидааст. Мақомоти Амрико дар 12 минтақае, ки аз боришоти барф азият мекашанд, вазъияти изтирорӣ эълон кардааст.  Ҳавошиносон мегӯянд, ки чунин ҳаво дар Иёлоти Муттаҳида дар тӯли чанд даҳсола мушоҳида мешавад, аммо бӯрони барфии имсоларо бесобиқа меноманд.

Дар Филиппин бошад обхезии шадид боиси ҳалокати шаш нафар гардидааст. Ҳамзамон, дар пайи ин ҳодиса даҳо нафари дигар бедарак шудаанд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ беш аз 50 ҳазор нафар ба паноҳгоҳи давлатӣ интиқол дода шуданд. Гуфта мешавад, ки тақрибан 50 хона дар натиҷаи боришоти шадид ва обхезӣ пурра ё қисман осеб дидаанд.

Баҳруллои М.

радиои “Тоҷикистон”