Санаи 27 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷроиши «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар давоми 11 моҳи соли 2022 баррасӣ гардидааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзалӣ Саидзода, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” гуфааст, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳия ва қабули “Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2021-2025” далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Барномаи миллии иммунопрофилактика тамоми тарафҳои фаъолияти соҳаро оид ба мақсаду вазифаҳои он барои пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо тарҳрезии қадамҳои алоҳида дар бар мегирад. Дар барномаи миллӣ вазифаҳо, мақсадҳои соҳа, равандҳои асосӣ ва муҳлатҳои иҷроиши онҳо муайян карда шудаанд.
Қайд гардидааст, ки сол ба сол ваксинаҳои нави замонавӣ дар Тақвими миллии иммунизатсия ворид шуда истодаанд ва коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика талаботҳои навро ба миён меорад, ки ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хуби кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитариро талаб мекунад.