Дирӯз, 28-уми декабр дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи дуюми соли 2022 ва вазифагузорӣ барои соли 2023 баргузор шудааст.
Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Авзалов Ғайбулло, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Иброҳимзода Зафаршо, аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои куҳансолон – Авзалов Ғайбулло ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Рӯзномаи ҷаласа ду масъалаи асосӣ – ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат – Рудобаи Мукаррам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, ҳисоботи Раиси Шўрои куҳансолон – Авзалов Ғайбулло оид ба фаъолияти Шўрои куҳансолон дар ин давра ва масъалаи дуюм шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат музтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дар бар мегирифт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли 2022 гузориши муфассал дод. Рудобаи Мукаррам дар баромади худ қайд намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроия тамоми бандҳои нақша-чорабиниҳои Ҳаракат, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, иҷро гардид. Илова ба ин, Кумитаи иҷроия якҷо бо дигар вазорату кумита ва идораҳои дахлдори давлатӣ дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва табиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат як силсила корҳои муайянро иҷро кард. Дар идомаи суханронӣ, Раиси Кумитаи иҷроия қайд кард, ки Кумитаи иҷроия рисолати худро дар назди давлат, халқ ва Пешвои муаззами миллат бо ватандӯстию созандагӣ анҷом дода, сиёсати давлатро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати тақвият додани ғояҳои созанда ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон талоши хешро равона хоҳад намуд.