Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Конфедератсияи Швейтсария

АКС аз ВКХ ҶТ

9 декабри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо сафири Швейтсария дар Тоҷикистон Давид Грихтинг мулоқот намудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ дар робита ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария ҷонибҳо барқияҳои табрикии сарони ҳарду кишварро табодул намуданд.

Зимни мулоқот Шараф Шерализода ва Давид Грихтинг роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар доираи институтҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.