Акс аз Кумитаи миллии олимпӣ
10 декабр, дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт муҳорибаҳои финалӣ миёни мардҳо сурат гирифт, ки варзишгари мо Шамшер Саидов медали тилло ба даст овардааст.
Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки Шамшер дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст додааст.
Ба иттилои манбаъ варзишгарони тоҷик миёни мардҳо, ҳамчунин 2 медали дигар – 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни -80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки миёни бонувон дар ин мусобиқа Миҷгона Самадова дар вазни -57кг медали тилло, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон 5-10 декабр дар минтақаи Белоярски Руссия баргузор шуд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар 5-ум Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.