Акс аз МВД
Вазорати корҳои дохилӣ аз пешгирии уомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ва дастгир кардани ду нафар гумонбар ба муомилоти он хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 25 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон 211 ҳазору 680 адад маводҳои тарфгарии намуди «Трения-Х201» дарёфт ва гирифта шудааст.
ВКД мегӯяд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.