Акс аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Рӯзи 09 декабр бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони МТИИ “Фарматсия”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мизи мудаввар дар мавзуи «Имконияти истифодабарии растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳангоми бемориҳои системаи дилу рагҳо» бо иштироки олимону мутахассисон, намояндагони сохторҳои Донишгоҳ ва кормандони соҳаи тиб ташкил ва гузаронида шудааст.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хабар дода, таъкид намуданд, ки дар рафти мизи мудаввар мубоҳисаҳои зиёд дар вобаста ба растаниҳои шифобахши ватанӣ, махсусан қудрати дармонбахшии онҳо ба мемориҳои дилу рагҳо сурат гирифт. Ҳамзамон оид ба дуруст ба роҳ мондани истифодаи растаниҳои шифогии ватанӣ ҳангоми бемориҳои системаи дилу рагҳо, коркарду омӯзиши бештар ва муаррифии арзандаи гиёҳҳои шифобахш дар бозори тиб андешаҳои гуногун баён шуд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни мизи мудаввар ба мавзуъҳои баррасишаванда шавқу рағбати хосе зоҳир намуда, мутахассисон озодона ибрози фикру ақида намуданд.