Бохти Португалия аз Марокаш ва пирӯзии Фаронса бар Англия дар бозии даври 1/4 финали Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Дар доираи бозиҳои даври 1/4 ниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Марокаш ва Португалия ба ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ал-Тумама» баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи футболбозони Марокаш ба анҷом расид.

Голи ягонаи ин вохӯриро дар дақиқаи 42-юми бозӣ Юсефф Эн-Несирӣ ба самар расонид ва миллипушони Марокаш аввалин бор дар таърих аз қитъи Африқо ба даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Бояд қайд намоем, ки дар ин рақобат шогирдони Фернанду Сантуш бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш карданд, то ки муборизаро дар Қатар идома диҳанд, лекин аз дасти Криштиану Роналду ва ҳамдастаҳояш коре наомад. Ҳамин тариқ Португалия аз идомаи Ҷоми Ҷаҳон бенасиб монд ва Роналду ба орзуяш нарасид. Инчунин ногуфта намонад, ки Криштиану Роналду бисёр ғамгин ва бо афсӯс хӯрдан майдонро тарк кард. Бояд қайд намоем, ки офтоби пурҷилои ин ситораи футбол, ки футболи сайёраро бо буданаш бисёр рангорангӣ бахшидааст, рӯ ба ғуруб дорад.

Дар бозии дигари ин рӯз Фаронса бо Англия дидор анҷом дод. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Ал-Байт» доир шуда, бо ҳисоби 2:1 бар суди шогирдони Дидйе Дишам ба поён расид. Рақобати дастаҳо бисёр пуршиддат ва бо ҳамлаҳои пай дар пайи ҳарду дастаҳо сурат гирифт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 17-уми рақобат Тчуамени аз партофти Антуан Гризманн кушода, Фаронсаро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 54-ум бошад Ҳарри Кейн аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ҳисобро баробар кард. Голи ғалабаоварро дар ин дидор Оливей Жиру аз партофти Гризман ба самар расонида, пирӯзии Фаронсаро таъмин кард. Ҳарри Кейн имконият дошт, ки дар дақиқаи 84-уми рақобат аз зарбаи 11-метраи ҷаримавии дуюм ҳисобро дигарбора баробар кунад, лекин ба хубӣ аз иҷрои ин зарба набаромад ва мунтахаби Англия шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ Фаронса бо шикаст додани Англия ба даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2022 роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Фаронса бо Марокаш рақобат мекунад.