Андешаҳои сокинон доир ба иммунизатсияи зидди коронавирус

Вобаста ба ваксинакунонии зидди корронавирус миёни мардум андешаҳо мухталиф буданд ва инак, марҳилаи чоруми иммунизатсияи зидди ин беморӣ идома дорад. Бо мақсади огаҳӣ аз афкори ҷомеа оид ба натиҷанокии ваксинаҳои зидди ин беморӣ бо чанде аз сокинони вилоят суҳбати сарироҳӣ доштем.

 “Каме – ҳароратбаландӣ. Боқӣ ҳама – хуб”

Сокини шаҳри Бохтар Шамсиддин Рустамов дар мусоҳибаи сарироҳӣ, гуфт, ки се маротиба ваксинаи зидди коронавирусро қабул кардааст ва баъди гирифтани ваксинаҳо саломатиаш хуб аст. Ӯ ваксинаҳои нави хитоӣ (CoronaVac)ва россиягӣ(Спутник V)-ро қабул намудааст.

“Дар рӯзҳои аввали қабули ваксина каме ҳароратбаландӣ эҳсос кардаму халос”, – мегӯяд ӯ.

Шубҳа ва тарс бартараф шуд

Ҷӯра Қаландаров, сокини ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ ду маротиба ваксинаи зидди корронавирусроқабул намудааст. “Баъди гирифтани ваксина худро хеле хуб ҳис кардам. Бо қабули ваксина дигар аз ин беморӣ тарс надорам. Бояд аз гирифтани ваксина наҳаросем”, – мегӯяд ӯ, ки ваксинаи навъи хитоӣ (CoronaVac)-ро қабул кардааст.

“Аксуламал набуд, ба ҷуз каме дарди ҷойи сӯзан”

Ҷонибек Маҳмудов, тренери лоиҳаи “Модари солим-кӯдаки солим” мебошад. Ӯ чор маротиба ваксинаи зидди корронавирусро қабул карда, натиҷаи хуб дидааст ва ягон аксуламал эҳсос накардааст. “Каме дарди ҷойи сӯзан эҳсос кардам, ки ин як чизи маъмулӣ аст. Дигар ҳама хуб аст”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ ду намуд ваксина, яке истеҳсоли Ҳиндустон (AstraZeneca) ва дигаре истеҳсоли Амрико (Pfizer)-ро қабул кардааст. Ба гуфтаи вай, ваксинакунонӣ василаи асосии пешгирии хатари корронавирус маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин фаъолнокӣ дар гирифтани ваксина буд, ки ин беморӣ ба зудӣ дар кишварамон бартараф гардид.

Аввал беморӣ, пасон ваксинатсия

Давлат Шоҳэътиборов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мегӯяд, ки баъди аз сар гузаронидани бемории корронавирус ваксинаи зидди ин беморӣ – навъи хитоӣ (CoronaVac)-ро ду маротиба қабул намудааст ва нитиҷаи ин ваксина ба андешаи ӯ, хуб будааст. Ба нақли ӯ баробари гирифтани ваксина се рӯзи аввал бемор мешавад ва баъдан саломатияш хуб мегардад. “Ба қарибӣ ташхис намудам, саломатиям хуб баромад. Худро хуб эҳсос менамоям, кори дилам хуб шуд ва дигар бемориро эҳсос намекунам”, – мегӯяд ӯ.

Хатари асосӣ: тарсу ҳаяҷон ва воҳима

Маҳмадулло Каримов, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, кияке аз омилҳои хатарнок дар авҷи бемории сироятии корронавирус ин тарсу ҳаяҷон ва воҳима миёни мардум буда,  ба саломатии инсонҳо хатари ҷиддӣ ба миён овард. Ба гуфтаи ӯ, қабул кардани ваксина хеле муҳим аст ва он аз воситаҳои асосии пешгирии хатари ин бемории сироятӣ дар ҷомеа мешавад ва тарсу ҳаяҷонро низ аз байн мебарад. Баъди гирифтани ваксина саломатияш хуб аст ва ҳеҷ изтиробу ҳаяҷони сирояти ин бемориро дар дил надорад. Ба андешаи ӯ риояи гигиенаи шахсӣ низ барои саломатӣ хеле аҳамиятнок аст, ҳамчунин ба истеъмоли ғизои солим, сабзавоту меваҷот ва гиёҳҳои фоидабахши табиӣ низ бояд диққати ҷиддӣ диҳем.

Ин мусоҳиби мо гуфт, ки пайваста китобҳои гуногун, бахусус адабиёти тиббиро низ мутолиа мекунад ва дониш доштан хуб аст. Аз миёни мардум оид ба зарари ваксина ҳам овозаҳои зиёд шунидааст, аммо ба ин гуна гуфтаҳо умуман бовар надораду барояш аҳамият надоранд.

Табиби ҳар инсон бояд худи ӯ бошад”,  – мегӯяд ӯ.

Омилҳои бартараф шудани хатар

 Ҳусейн Муродов, сокини ноҳияи Хуросон се маротиба ваксинаи амрикоӣ (Moderna) гирифтааст ва саломатияшро хеле хуб эҳсос мекунад. Ӯ гуфт, ки гирифтани ваксина аҳамияти калон дорад. Шоҳид будааст, ки нафарони ваксина нагирифта аз ин беморӣ ранҷ кашидаанд, аммо баъди ваксина гирифтан саломатияшон хеле беҳ шудааст.

Ихтирои ваксина самараи заҳмати донишмандону олимони соҳа аст ва ғамхории Ҳукумати малакат мебошад, ки сокинон тариқи ройгон аз он баҳравар гаридиданд. Маҳз ҳамин ғамхориҳои Ҳукумати малакат ва фаъолнокии сонинон дар чорабинии ваксинакунонӣ буд, ки ин беморӣ ба зудӣ бартараф шуд.

PS: Оид ба аҳамияти ваксинаҳои зидди бемории сироятии орронавирус дар гуфтаҳои мусоҳибонамон андешаҳои гуногунбаён шуд, ҳамчунин паҳлуи дигари хулосаи эшон он буд, ки бо гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ ҳар нафар, пеш аз ҳама дар организми худ масуният оид ба муқовимат бар зидди хатари ин беморӣ  пайдо мекунад ва худро дар ҷомеа як нафари масъулиятшинос барои атрофиён медонад.

                                                                                   Маҳмадалӣ Акрамов

радиои “Тоҷикистон”