Тоҷикистону Қирғизистон ба дақиқсозии беш аз 17 км хатти сарҳад мувофиқа намуданд

Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи 6 рӯзи аввали моҳи декабр дар Бодканд гуфтушунид кардаанд

Тавре Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар додааст, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 1 то 6 декабр дар шаҳри Бодканд баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи 17,66 километр марзи муштараки дигарро мувофиқа кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, нақшаи вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа кардаанд.

Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.