Акс аз КҲФ
Дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора КҲФ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, то 5 декабри соли 2022 266 нафар наваскароне, ки барои адои хидмат ба қисмҳои ҳарбии КҲФ даъват шудаанд, савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Дар ҳамаи ин ҷамъомадҳои тантанавӣ сарварони Кумита ширкат ва суханронӣ карданд.
Чунончӣ, 5 декабри соли 2022 дар қисмҳои ҳарбии КҲФ воқеъ дар қаламрави ноҳияҳои Ҳмадонии вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии савганди ҳарбии наваскарони даъвати тирамоҳӣ доир гардид.
Сарбозони ҷавон дар вазъияти ботантана дар назди афсарон ва ҳамсафону ҳамхидматони худ савганд ёд карданд, ки вазифаи пуршарафи худро шоиставу сазовр ба ҷо меоранд ва ҳамеша омодаи ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии кишвари азиз ва таъмини амнияти шаҳрвандони он хоҳанд буд.
Пас аз адои савганд фармондеҳои қисмҳои ҳарбӣ, собиқадорони артиш суханронӣ намуда, наваскаронро ба ин рӯзи саид муборакбод карданд ва изҳори умед намуданд, ки онҳо ба савганди ёдкардаи худ то охир пойбанд мемонанд.