Суҳроб Расулов, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш мегӯяд дар фаъолияти 11-моҳаи соли равон ин Раёсат дар баробари пардохти нафақа, ба баррасии арзу муроҷиатҳои сокинон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст.
“Дар сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар мади аввал аст ва эшон пайваста мариди дастгирӣ қарор доранд”, – мегӯяд Суҳроб Расулов, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш.
Ӯ аз ҷумла марҳила ба марҳила болоравии нафақа, таваҷҷуҳи хосса ба ин масъала дар ҳар як Паёми солонаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯрии пайвастаи Пешвои миллат бо ятимон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеаро зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар далели гуфтаҳои боло донист.
Роҳбарияти раёсати мазкур дар ноҳияи Вахш иттилоъ доданд, ки пардохти нафақа то санаи 28-29-и ҳар моҳ сурат мегирад. Дар ноҳияи мазкур айни замон беш аз 15 ҳазор нафар аз нафақа бархӯрдоранд.
Маҳмадалӣ Акрамов
радиои “Тоҷикистон”