Донишҷӯёни тоҷику рус бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот баргузор карданд

Акс аз ДМТ

Дирӯз миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урал бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот баргузор гардид.

Дар ин бора аз ДМТ хабар дода, зикр намуданд, ки имрӯз фазои интернетӣ имкниятҳои бештареро барои инсоният фароҳам овардааст, ки метавонанд аз он ба таври самарона истифода баранд. Бо фароҳам овардани имкониятҳои васеъ озмунҳо гуногун, аз ҷумла бозии зеҳнии шоҳмот низ тариқи онлайнӣ баргузор мешавад.

Бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот, ки миёни донишҷуёни донишгоҳҳои болозикр баргузор гардид, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро се нафар донишҷӯён намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, донишҷӯёни иштирокнамуда, ғолибони даври донишгоҳии озмуни мазкур мебошанд.