Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону ояндадор, ки дар мақомоти судӣ ба вазифаи судя таъйин гардидаанд, таъмини волоияти қонун, шаффофият, адолати судӣ ва баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо даъват намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳар корманди мақомоти судӣ бояд бо заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таҳкими қонунияту адолат дар мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

“Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд”, — таъкид намуданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо хусусан аз ҳисоби занону духтарон, бунёди бинову иншооти муосири корӣ барои кормандони мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ба масъалаи бозомӯзии кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳимми озмун бояд бошад.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои дар вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳрӣ таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ намуданд. 

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ  06.12.2022