Хатлон. Хусусиятҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ омӯзонида шуд

Дар ҷамоати деҳоти Якатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чанде қабл бо иштироки вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, устодони Донишгоҳи агарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, олимони соҳа ва масъулини самти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон семинармашварат дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон” баргузор гашт.

Мувофиқ ба тавсияи мутахассисони соҳа ҳифзи зироат аз бемориҳо ва зараррасонҳо, ҳамчунин обу ғизодиҳии бамаврид низ дар фаровонҳосилӣ хеле муҳим аст.

Коршиносон васеъ намудани майдони кишти ин зироатро дар таъмини амнияти озуқаворӣ мувофиқ ба мақсад медонанд.

Минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз мавзеъҳои асосии истеҳсоли картошакаи барвақтӣ буда, на танҳо бозорҳои вилояти Хатлон, балки ба тамоми ҷумҳурӣ дастрас мешавад.

Турсунбой Аҳмадов

Барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди ҳосили барвақтӣ кор бояд аз интихоби замин, хусусан вобаста ба пешинакишт, яъне дар он ҷое, ки картошка кишт мешавад, бояд дар он замин аз оилаи авранҷиҳо дар мисоли помидор, қаламфур, боимҷон кишт нашуда, балки дар он лубиёгиҳо, ғалладона, пахта, полезӣ ва дигар сабҳавот парвариш шуда, аз ҳашарот ва касалиҳо эъмин бошад.

Дуюм интихоби навъҳои хубтарини картошка муҳим аст. Тавсия медиҳем, ки навъҳои тезпаз, ки давраи пухтарасияшон 70-85 рӯз мебошад, истифода шавад, – иброз дошт Турсунбой Аҳмадов, профессори Донишоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.

Хӯҷамурод Сатторов

Ба гуфтаи Хӯҷамурод Сатторов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи А.Ҷомӣ саривақт анҷом додани кишти барвақтӣ боиси фаровонҳосилӣ хоҳад шуд. Дар минтақаи Бохтар, ки мавсими гармӣ барвақт, яъне дар моҳҳои апрелу май фаро мерасад, бамаврид анҷом надодани кишт боиси камҳосилӣ мегардад. Бояд аз тамоми имконияти мавҷуда истифода намуда, дар муҳлатҳои муайяншуда кишти картошка гузаронида, аготехникаи он дуруст риоя шавад.

Тибқи маслиҳати Сафаралӣ Орифов, олими соҳаи кишоварзӣ яке аз бартарии истифодаи маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ дар давраи сардӣ гарм нигоҳ доштани қабати хок аст. Таҷрибаҳои илмӣ-истеҳсолӣ муайян намудаанд, ки бо истифодаи нуриҳои микробиологӣ нашъунамои зироат хуб гашта, 8-10 рӯз барвақт ҳосил пухта мерасад. Мувофиқ ба таҷрибаҳо аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 28-30 тон ҳосили барвақтии картошка рӯёнидан имконпазир хоҳад буд.

Кишоварзони вилояти Хатлон дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти сатҳи олии кишвар тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, ҳадаф доранд, ки ҳар қитъа заминро самаранок истифода карда, ҳосили дилхоҳ рӯёнида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд. Замин асоси зиндагии босамари сокинони кишвар аст, аз ин рӯ мақсаднок истифода намудани ҳар порчаи он хеле муҳим мебошад.

 Маҳмадалӣ Акрамов

 радиои “Тоҷикистон”