Дар рӯзи 6-уми Чемпионати ҷаҳон, ки дар кишвари Қатар ҷараён дорад, бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳи оғоз гардид. Бозиҳои даври дуюм бо рақобати мунтахабҳои Уэлс ва Эрон сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ” доир шуда, бо натиҷаи 0:2 бар нафъи эрониҳо хотима ёфт. Дар 90-дақиқаи вақти асосӣ рақобат миёни дастаҳо баробар ба назар мерасид, лекин дар дақиқаҳои иловагӣ футболбозони Эрон бозии беҳтар нишон дод ва ҳамлаҳои созгор нишон дод, то ки ба задани гол даст ёбад.
Дар анҷоми вохӯрӣ дарвозабони мунтахаби Уэлс Уэйн Хеннесси корти сурх гирифт ва аз бозӣ берун карда шуд. Ин аввалин корти сурх дар Ҷоми Ҷаҳони имсола ба ҳисоб меравад.
Дар дақиқаи 98-ум Чемши аз ҳайати Эрон ҳисоби бозиро кушод. Баъд аз гузаштани 3-дақиқа Резаян ҳисоби бозиро 2:0 кард ба пирӯзии Эронро таъмин намуд.
Баъд аз рақобати Уэлс бо Эрон рақобат миёни тимҳои Қатар ва Сенегал доир шуд, ки мизбони мусобиқа дар бозии дуюмаш низ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ба бохт дучор гардид ва аввалин мунтахаб дар Ҷоми ҷаҳон шуд, ки имкони баромадан ба даври плей-офро аз даст дод. Рақобат миёни дастаҳо бо ҳисоби 3:1 бар суди Сенегал ба поён расид.
Бояд қайд намоем, ки бори дуввум дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол кишвари мизбон аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ намеёбад. Бори аввал чунин натиҷа соли 2010 рух дода буд, ки тими Африқои Ҷанубӣ аз гурӯҳ ба даври баъди роҳ наёфта буд.
Дар бозии баъди дар ин рӯз Эквадор ҳангома нишон дод ва муқобили Ҳолланд мусовӣ бозӣ кард
Дастаҳои мунтахаби Ҳолланд ва Эквадор дар бозии даври дуввуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар-2022 дар гурӯҳи “А” мусовӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи байналмилалии “Халифа” дар шаҳри Давҳа баргузор шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 6-уми рақобат ҳамлагари Ҳолланд Коди Гакпо кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Сипас ташаббуси майдондорӣ пурра ба ихтиёри Эквадор сурат гирифт ва онҳо дар оғози қисми дуюми бозӣ бо голи задаи Эннер Валенсия ҳисобро баробар карданд ва бозӣ бо натиҷаи 1:1 мусовӣ ба поён расид.
Бояд қайд намоем, ки пешвои тими мунтахаби Эквадор – Эннер Валенсия дар лаҳзаҳои охири бозии даври дуюми Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар-2022 осеб бардошт ва бо кӯмаки табибон майдонро тарк намуд. Ҳоло бошад осеби бардоштаи Валенсия аниқ нашудааст, ки то куҷо ҷиддӣ аст. Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол Валенсия бо се гол беҳтарин нишонзани мусобиқа ба ҳисоб меравад.
Бозии ниҳоие, ки дар рӯзи 6-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 баргузор гардид, рақобат миёни тими мунтахаби Англия бо ИМА буд, ки бо натиҷаи мусовии 0:0 ба поён расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” баргузор гардид. Дар ин рақобат мунтахаби Англия имкониятҳои зиёди голзанӣ дошт, лекин амрикоиҳо бештар дар хати дифоъ муваффақ буданд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”