Бори нахуст дар Тоҷикистон фестивали картошка баргузор гардид

Имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ва анвои гуногуни таоме, ки аз картошка омода гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар фестивали мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад.

Дар фестивали мазкур хоҷаидорону деҳқонон аз манотиқи кишвар ширкат намуда, ба сокинону меҳмонони пойтахт навъҳои беҳтарини картошкаро пешкаш намуданд. Ҳамзамон, анвои гуногуни таомҳое, ки аз картошка омода мешаванд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар баробари картошка хоҷагидорон инчунин навъҳои дигари сабзавот ва маҳсулоти кишоварзии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар нимаи моҳи ноябр  доир ба баргузории чунин як фестивали ҷумҳуриявӣ дастур дода буданд ва ин иқдом дар доираи супоришҳои бевоситаи сарвари давлат сурат гирифт. Ҳамин тавр, пас аз анҷоми маросими расмии фестивал аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба беҳтарин картошкапарварони мамлакат диплом ва туҳфаҳо тақдим гардиданд. Инчунин сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.

Баҳруллои М

радиои “Тоҷикистон”