Дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор гардад, ки дар он ғолибони озмун, устодону пайвандон ва кормандони ВАО иштирок намуданд. Ғолибони ин давр аз миёни 320 нафар иштирокчӣ ва ҳафт наминатсия интихоб гардида, бо диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар оғози маросим муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баромад намуда, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат»-ро аз номи ташкилкунандаи ин озмун Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, барояшон дар самти илм барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар тули ду сол тавонист завқи хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ зиёд намуда, инчунин барои ихтироъкориву навоварӣ кардани инҳо шароити мусоид фароҳам орад. Муҳаммадробии Ҳайдарӣ хонандаи синфи 10 – уми литсеи рақами 3 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи «Физика ва астрономия» интирок мекунад ва инак дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки мувофиқи низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи намоён мегарданд устодонашон бо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Зафар Норов омӯзгори фанни физика мебошад. Номбурда имсол чор нафар шогирдонашро барои озмун омода намудааст, ки аз ин шумор як нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмун ғолиб омад.
Иштирокчӣ ва ғолиби дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Муаттара Охунова хонандаи синфи 11 – уми МТМУ рақами 4 – и ноҳияи Б. Ғафуров буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи «Биология» иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” тули ду сол мешавад, ки бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 – 2040, бо иштироки васеи хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорон роҳандозӣ мегардад ва имсол барои баргузор гардидани он аз ҷониби сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон“