Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-умин солгарди Парчами давлатии ҶТ чорабинии бошукуҳи идона бо иштироки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯёнӣ Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор гардид.
Чорабинии идона бахшида ба рӯзи Парчами давлтии кишвар бо роҳпаймоии даҳо ҳазор нафар аз майдони Маҷмаъаи Истиқлол оғоз гардида, то майдони Парчам идома кард. Дар қисмати маросими расмии ин чорабинии бошукуҳӣ ҷашни нахуст ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуданд. Мавсуф иброз намуд, ки Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ҳамаи рамзҳои давлатии мустақил яъне Парчам, Нишон ва суруди миллӣ мебошад, ки ифодагари ифтихри ватандорӣ, пойдории давлат, ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ – таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода дар суханронии хеш иброз дошт, ки парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдорию ватандорӣ, таҷасумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки қабули Парчами милли ба мо имкон дод, ки бо мазмуну моҳияти ҳаёту давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем. Ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба суи ояндаи дурахшону ободу давлати халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки таҷлили имсолаи рӯзи Парчами давлатӣ дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми сарбаланди тоҷик 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии ҶТ-ро бо ифтихор қайд намуда, аз пайи ин ҷаласаи саодати миллат, ки ба майдони сиёсат роҳбари сулҳовару ваҳдатсоз, ояндабиину дурандеш ва наҷотбахши миллату давлати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оварда, Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро қабул намуда, шукргузорӣ менамоянд. Зеро 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлолии тоҷикон дар иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои олии кишвар қабул гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба суи ҳадафҳои умумимилӣ гузоштани қадамҳои устувор замина гузоштааст. Ҳамин тавр, дар охири чорабинӣ аз ҷониби санъаткорон барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, ба рӯҳияи иштирокчиёни чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон;