Бахшида ба ҷашни фархундаи 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ асари арзишманди ӯ, “Китобут-т-тафҳим ли авоили синоъати-т-танҷим” бо хатти кириллӣ аз нашр баромад.
Китоби мазкур аз 605 иборат буда, зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ва бо муқаддима, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳоти Ҳасани Султон таълиф шудааст.
“Китобут-т-тафҳим ли авоили синоъати-т-танҷим” аз шоҳкориҳои забони модарии мо дар илм аст, ки соли 1029 бо қалами Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ба хоҳиши як духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна ба тариқи пурсишу посух таълиф ёфтааст.
Китоб барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.