Натиҷаи бозиҳои рӯзи чоруми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Дар рӯзи чоруми Чемпионати ҷаҳон Қатар-2022 мо шоҳиди чор бозии бисёр ҷолибу диданӣ гаштем. Рӯзи чоруми Ҷоми Ҷањон Қатар-2022 бо рақобати мунтахабҳои Марокаш ва Хорватия оғоз гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Қисми якум дар муборизаи баробар гузашт. Ҳар ду мунтахаб ҷониби дарвозаи якдигар 4-зарбаи мустақимӣ заданд.
Дар қисми дуюми бозӣ бошад, футболбозони Хорватия дар идора кардани тӯб муваффақ буданд, лек марокагиҳо моҳирона тавонистанд, ки дарвозаашонро аз гол нигоҳ доранд.
Баъди ин рақобат бозие, ки тамоми мухлисони футболро ба по хезонд, ин бозии Ҷопон дар муқобили Олмон буд, ки бо ғалабаи Ҷопониҳо хотима ёфт.
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурўҳии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 мунтахабҳои Олмон ва Ҷопон ба ҳам омаданд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи “Халифа” доир шуда, бо ҳисоби 1:2 бар нафъи ҷопониҳо ба поён расид.
Футболбозони Олмон дар нимаи аввали рақобат аз ҳариф бартарӣ доштанд, ва ба задании гол низ даст ёфтанд. Голи аввалини ин дидорро Гюндоган аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) ба самар расонид ва ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Дар нимаи дуюми бозӣ бошад Ҷопониҳо бисёр бозии ҷолибу диданиро муқобили олмониҳо нишон доданд. Пас аз тағйиротҳое, ки Ҷопон анҷом дод, дар идома онҳо тавонистанд, ки бартариро бар нафъи худ анҷом диҳанд. Дар дақиқаи 75-ум Доан ҳисобро баробар кард ва баъд аз гузаштани 8-дақиқа Асано голи дуюми дастаашро ба самар расонид ва пирӯзии Ҷопонро таъмин кард. Бояд қайд намоем, ки хар ду бозингари ҷопонӣ дар қисми дуюм ба майдон баромаданд. Аҷоибовараш ин аст, ки ин ду бозингар дар Чемпионати Олмон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, Ҷопон бори аввал дар таърих дар бозии расмӣ бар Олмон пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи бозии қаблӣ тақрибан ҳамин бозӣ сурат гирифта буд. Аргентина аз Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд, ҳарчанд баъд аз нимаи аввал бо ҳисоби 1:0 пешқадам буд. Ҳамин тавр, ду дастаи қораи Осиё муқобили фаворитҳои мусобиқа пирӯзӣ ба даст оварданд.
Бозии ҷолибтарин ва серголи Чемпионати ҷаҳон Қатар-2022 то ин муддат бозии Испания ва Коста Рика ба ҳисоб меравад, ки шогирдони Луис Энрике дар ин рақобат дарвозаи ҳарифро голборон намуданд. Мунтахаби Испания дар нахустин бозиаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар Коста-Рика пирӯз шуд. Испаниҳо натиҷаи бозиро аллакай дар қисми аввали ин дидор бо ҳисоби 3:0 бар нафъи худ анҷом дода, дар идома танҳо бартариашонро афзун карда, боз 4-голи дигаро ба дарвозаи Кейлор Навас ворид намуданд. Голҳоро аз ҳайати ин тим: Олмо, Асенсио, Торрес, Гави, Солер ва Мората ба самар расониданд. Бояд қайд намоем, ки дар ин рақобат Ферран Торрес муалифи дубл гардид. Инчунин Гави низ дар ин рақобат рекорд гузошт ва ҷавонтарин бозингари Чемпионати ҷаҷон шуд, ки ба задании гол даст ёфт. Ҳамитн тариқ тими мунтахаби Испания дар бозии аввали Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 Коста Рикаро бо натиҷаи 7:0 шикаст дод.
Дар бозии ҷамбастии рӯзи чоруми Ҷоми Ҷањон Қатар-2022 мунтахаби Белгия бар тими Канада пирӯз шуд.
Рақобат миёни дастаҳо дар варзишгоҳи “Аҳмад Бин Алӣ”-и шаҳри Ал Райан баргузор гардида, бо бартарии як гол бар нафъи футболбозони Белгия ба охир расид. Гузашта аз ин, дар оғози бозӣ ҳимоятгари бошгоҳи “Бавария” Дэвис аз пеналтӣ натавонист, ки тӯбро вориди дарвозаи Куртуа намояд. Аммо голи ягонаро дар ин дидор Батшуайӣ ба самар расонида белгиягиҳоро соҳиби се имтиёз гардонид.