Баррасии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда аз ҷониби кишварҳои аъзои ГАО

23 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи 37-умин Ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблаггузории  терроризм (ГАО) аввалин Форуми намояндагони парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардид.

Дар кори Форум роҳбарону намояндагони кумитаҳои дахлдор  парлумон, кумитаҳо ва комиссияҳои байниидоравӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои кашшофии молиявии давлатҳои узви ГАО ширкат варзиданд.  Дар ҷараёни чорабинӣ  иштирокчиён азми худро ҷиҳати такмили қонунгузории миллии кишварҳояшон бо мақсади татбиқи самараноки талаботи стандартҳои байналмиллалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағҳои терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом изҳор намуданд. Иштирокчиёни Форум нақши ҳалкунандаи мақомоти қонунгузорро дар танзими муносибатҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ иброз намуда, хоҳиши таҳкими низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тавассути таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид намуданд.         

Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа  ва амнияти  Маҷлиси намояндагони ҶТ Рустам Шоҳмурод зимни суҳбат бо мо дар бораи ҳадафҳои Форум таъкид дошт,  ки  ин Форум бо пешниҳоди Федератсияи Россия бори аввал баргузор шуд ва минбаъд кори муштарак дар чунин сатҳи бисёрҷониба ба таври мунтаззам идома хоҳад ёфт. Ин ҳама бо мақсади ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба оид ба татбиқи  стратегияҳои миллӣ ва қабули санадҳои қонунгузорӣ оид ба мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Боиси зикр аст,  ки ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ, ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшуӣ,  яъне ФАТФ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст. Мақсади Гурӯҳи мазкур мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба  қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм  ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа буда, то ба имрӯз нӯҳ давлат: Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҳиндустон шомили он мебошанд.

Фардо низ 37-умин Ҷаласаи плнарии ГАО идома хоҳад ёфт.

     Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”