22 ноябри соли 2022 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва Екатерини Нассика вохӯрӣ намудааст.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар дода, тавзеҳ медиҳад, ки зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муосир, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Юнон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои ба маротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.
Қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши савдои дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба монанди меваю сабзавот, хушкмева, асал ва обҳои нӯшокӣ ба Ҷумҳурии Юнон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуданд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо