Натиҷаи бозиҳои рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022


Дар рӯзи сеюми Чемпионати Ҷахон Қатар-2022 чор бозии бисёр олӣ баргузор гардид. Бозии аввал миёни тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Аргентина сурат гирифт ва Арабистони Саудӣ муқобили Аргентина ғалабаи ҳангомавӣ ба даст овард. Тими мунтахаби Аргентина дар даври аввали Ҷоми ҷахонии футбол-2022 аз тими Арабистони Саудӣ ба таври сенсатсионӣ шикаст хурд.
Дар нимаи аввали бози Лионел Месси аввалин голашро дар Ҷоми Ҷаҳонни имсола аз зарбаи 11-метраи чаримавӣ (пеналтӣ) ба самар расонида, дастаашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми рақобат футболбозони Арабистони Саудӣ ба таври ҳангомавӣ ба дарвозаи Аргентина ду гол заданд. Ҳанӯз, дар дакикаи 48-уми бозӣ Ал-Шаҳрӣ ҳисобро мусовӣ кард. Пас аз ин гол футболбозони араб боварияшон ба худ бештар гардида, бо гузаштани 5-дақиқа бо голи зебоӣ Ал-Дивсарӣ ҳисобро 1:2 намуданд. Дар идомаи рақобат футболбозони мунтахаби Аргентина ҳарчанд кушиш карданд, ки ҳадди ақал ҳисобро баробар намоянд, лекин натавонистанд муваффақ шаванд.

Ҳамин тавр, пас аз 36-бозии бидуни бохт Аргентина аз дастаи Арабистони Саудӣ ба таври ҳангомави шикаст хурд. Бояд кайд намоем, ки Аргентина пас аз 32-сол Ҷоми ҷахонро бо бохт оғоз кард ва бо шикасти 6- умин дар таърих рӯ ба рӯ шуд. Бори охир Аргентина соли 1990 дар вохӯри бо тими миллии Камерун (0:1) дар шаҳри Милан мағлуб шуда буд. Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ ягона голи Аргентинаро – Лионел Месси аз зарбаи 11-метра (пеналтӣ) ба самар расонид. Бо ин гол Месси тавонист, ки дар чор Ҷоми ҷахон (2006, 2014, 2018, 2022) ба задани гол даст ёбад.

Дар Арабистони Саудӣ ба ифтихори пирузӣ бар муқобили Аргентина рузи истироҳат эълон карданд.
Подшоҳи Арабистони Сауди Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд барои таҷлил аз пирузӣ бар Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар рузи истироҳат эълон кард.

Баъд аз рақобати Арабистон Саудӣ бо Аргентина бозӣ миёни тими мунтахаби Дания ва Тунис баргузор шуд. Рақобат миёни ин ду тим бо натиҷаи мусови 0:0 ба охир расид.

Бозии дигар миёни мунтахабҳои Мексика ва Полша сурат гирифт. Ин рақобат низ бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Гарчанде футболбозони Полша имконият доштанд, то ки ҳисоби бозиро боз кунанд, лекин дарвозабони бомаҳорати мексикоӣ Гилерма Очуа зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ)-ро, ки Роберт Левандовскӣ иҷро кард баргардонида, дастаашро аз мағлуб шудан нигоҳ дошт.

Бозии ҷамбастии рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон Қатар-2022 бо ғалабаи бузурги Фаронса муқобили Австралия ба поён расид. Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷахони футбол дар Қатар мунтахабҳои Фаронса ва Австралия ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эл-Чануб” баргузор шуда, бо хисоби 4:1 бар нафъи фаронсавиҳо хотима ёфт. Ҳарчанд автралиягиҳо дар дақиқаҳои аввали бозӣ бо голи задаи Крейг Гудвин ба пеш баромаданд, аммо шогирдони Дишам дар идома ба задани чор гол даст ёфтанд.

Дар ин рақобат ҳамлагар – Оливие Жиру дубл кард. Килиан Мбаппе низ ба задани гол даст ёфт. Фаронса қахрамони феълии ҷахон аст ва бо мақсади ҳимояи унвони чемпиони ба Қатар омадааст.
Дар гурӯҳи “D” аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври аввал Фаронса бо касби се имтиёз пешсафи гуруҳ, Дания бо касби як имтиёз дар ҷои дуюм, Тунис низ бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм ва Австралия бидуни имтиёз дар ҷои 4-ум қарор гирифтааст.

Мунтахаби Фаронса вохӯрии навбатиро рӯзи 26-уми ноябр бо мунтахаби Дания мегузаронад, австралиягихо бошад, дар ҳамин рӯз бо Тунис вомехӯранд.

Сорбон Амонуллозода