Кумитаи миллии олимпӣ хабар додааст, ки дар Душанбе нахустин бор Гран-при баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, чанде пеш дар шаҳри Абу-Дабӣ президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер бо раиси онвақтаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов созишнома ба имзо расонида буд.
Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо ҳам дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки ташкили чунин як мусобиқаи байналмилалӣ уҳдадорӣ ва ҷиддиятро талаб мекунад ва Тоҷикистон инро нишон додан мехоҳад.
Замони баргузории Гран при Душанбе ҳанӯз маълум нест. Тоҷикистон моҳи октябрро пешниҳод кардааст, аммо ҳоло Федератсияи байналмилалии ҷудо онро тасдиқ карда наметавонад. Он чизе ки мо медонем, ин аст, ки нашри аввали Гран при Душанбе дар соли 2023 ва ҳамин тавр то соли 2026 баргузор хоҳад шуд.