30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛУ 30-АРЗИШИ ПАРЧАМДОРӢ

Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, барои дарёфти он талошҳо меварзанд. Муҳимтарин заминасозии он доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад.

Ҳамин тариқ, тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.

Барои мо мояи ифтихор аст, ки 9-уми сентябр соли 1991 Истиқлолият-ро дарёфт намуда, ҳамасола онро таҷлил мекунему аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамоем.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистони навин солиёни дароз зери мудирияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили 15 кишвар буд. Аҳолии ин сарзамин ҳамеша талошу мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ мустақилона дар чаҳорчубаи қонунҳои миллии худ умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои озодӣ, оромӣ ва ободӣ хидмат намоянд.

Бо чунин ормону орзуҳои хуб мардумони ин сарзамин соҳиби давлат шуда, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамои фарзандони фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар Эмомали Раҳмон барои эҳёти арзишҳои фарҳангиву миллтӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Ҳадафи асоси ин фарзанди фарзонаи миллат ва мардумони таммадунофари ин сарзамини бостонӣ доштани давлати алоҳида бо ҳифзи арзишу муштаракоти милливу қавмӣ зиндагӣ намоянд.

 Ҳамин тавр, бо тай намудани фарозу нишебиҳо ва даргузаштҳову бедорхобиҳо мардуми хирадманди мо бо роҳнамои Президенти кишвар Ватанро обод карда, бо модели нодири мактаби ваҳдату сулҳофаринӣ ва ташаббусҳои созанда дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шавад.

Инҷо метавонем ба чанде аз факту рақамҳои таърихӣ ишорат кард, ки заминаро барои Истиқлоли комили кишвар фароҳам овард.

• Садоқату матонат ва амалисозии “Ман ба шумо сулҳ меорам”

• Сафар ба суи хатар ба хотири зафар

• Пазироиву истиқбол аз ҳамватанону ҳампешагон

• Тақсиму тавзеи замину макон баҳри ободкориву осоиштагӣ

• Созишу сулҳ барои бақову ҳастии миллат

• Авфу даргӯзарӣ баҳри осудагиву зиндагӣ

• Бунёди роҳу нақбҳо баҳри пайванду пешравиҳо

• Шиносоиву муаррифии кишвар бо ташаббусҳои созандаву созгори минтақавиву ҷаҳонӣ

• Ҷилавгирӣ аз хатару таҳдидҳо ва мавқеъгирии одилона аз сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон

• Нақшу саҳмгӯзорӣ дар масоили мубрам баҳри солимии аҳли башар

Дар суханронӣ бештар Президенти кишвар аҳамият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.

Мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистон аз минтақаи бостонӣ маҳсуб ёфта, дорои манобеи табиӣ ва манзараҳои зебое аст, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон чун минтақаи «Мовароуннаҳр» шинохта шудааст, ки мардумонаш бо фарҳангу маданияти олӣ буда, дар минтақа нақши муҳим бозиданд.

Шаҳри Душанбе чун шаҳр ҷавон бо боғҳо, дарахтҳои ёдгорӣ, биноҳои зебову замонавӣ ва чорабаниҳои минтақавиву байналмилалӣ шӯҳратёб аст, ки бо чандин шаҳрҳои ҷаҳон робита дошта, бародаршаҳр мебошад.

Инҷо бояд таъкид кард, ки ҷаҳони имрӯза ба минтақа ва блокҳои қудратӣ тақсим шудааст, ки дар ин ё он масоил нақши калидӣ мебозанд. Дар ин зимн, Тоҷикистон низ дар даврони Истиқлолият тавонист Озодӣ, Оромӣ ва Ободиро ба даст оварда, дар минтақа ва ҷаҳон мақому имеҷи хешро пайдо намуда, бо ташшаббусҳои созандаи худ мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирад.

Ҳамин тарв, мо тавонистем соҳиби Парчами давлатӣ гардем, ки тамоми сокинони кишвар аз он ифтихор мекунанд. Зеро дар он таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳо, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамин таҷассум ёфтааст. Бо овардану шунидани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон моро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию Ватану ватандорӣ фаро мегирад.

Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст.Аҷдодони мо аз замони давлати Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки ифодагари мавҷудияти давлати онон буд, ки маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчам“Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ягонагии давлатдорӣ пазируфта шуд. Мавриди зикр аст, ки таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро баррасӣ карда, ба вакилони мардумӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сарвари нав интихоб гардида, аввалин маротиба раиси тозаинтихоб дар зери Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд кард.

Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассумгар мебошад. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда мешавад. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд. Ҳоло бошад, ҳафт ситора, ин ифодагари Дар давраи фаъолияти комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллии таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда шуд.

Ҳамин тариқ, аз соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчам”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки оиди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин эълом доштаанд: «Мо дар дар даврони Истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард».

Хулоса инҷо талош кардем то ишораҳоеро оварем, ки арзиши парчамдории моро дар даврони Истиқлол инъикос менамояд:

1) Парчами миллии мо ба соҳибихтиёрии миллати мо шабоҳат дорад ва ҳар як шаҳрванд онро самимона эҳтиром мекунад.

2) Парчами миллии мо фарҳанг, тамаддун ва таърихи кишварро муаррафӣ карда,инъикос мекунад.

3) Парчами миллӣ ба мо ҳувияти беназири худро таҷассум намуда,моро ба ҷаҳониён мешиносонад.

4) Парчам ҳамеша аз ҷоннисорону муборизони мо баҳри Озодӣ, оромӣ ва ободии Ватан хотиррасон мекунад.

5) Ранги сурхи парчам рамзи далерӣ ва дифои Ватан аст.

6) Ранги сафеди парчам рамзи сулҳ ва ҳақиқаро ифода карда, чун субҳи босафои Ватан дурахшонӣ мекунад.

7) Ранги сабзи парчам рамзи нашъунамо ва шукуфоии кишвар буда, чун пайки хушиву ободӣ бо баҳори сабзу хуррам Ватанро муаттар месозад.

Тасвири тоҷу ҳафтахтар рамзи таърихии давлатдориву маърифатро ишорат мекунад.

9) 7 ситора Парчами ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвар Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшонро ифода карда,муҳаббат, ростқавлӣ, шафқат, адолат, сабр, вафодорӣ, ҳалимӣ, фидокории мардумони моро таҷассум мекунад.

10) Парчам мардуми моро аз тамоми гӯшаву канори кишвар муттаҳид карда, ваҳдату ҳамбастагии фарҳанги гуногунии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

11) Парчам рамзи кишвари озоду соҳибистиқлолро тасвир намуда,меҳру муҳаббати Ватандӯстиро мефизояд.

12) Парчам муаррифии симои фарҳангии кишвар ва идеологияи он мебошад, ки ҳамаи моро дар зери худ ҷамъ меоварад.

13) Парчам тасвири оиннамоӣ мардум, арзишҳо, таърих ва ҳадафи кишвари мост.

14) Парчам роҳнамои бахти некуву шодиву барори мо мебошад.

15) Эҳсосот ва шаъну шарафи мо сокинони кишвар,ба парчами давлатӣ вобастагии ҷудонашаванда дорад.

16) Парчами мо се ранга буда, қудрат, сулҳ, ростқавлӣ ва шукуфоии Ватанро нишон медиҳад.

17) Парчам дар муттаҳидсозии мардум дар давраи муборизаву бедории миллат нақши муҳим бозида, моро дар Ваҳдату ягонагӣ нигоҳ медорад.

18) Парчам ҳамчун маншаву манбаи ҳавасмандкунӣ, ҳамгироӣ ва ватандӯстӣ амал мекунад.

19) Рамзу ранги он ифтихори Тоҷикистон буда, зери он ҳамаи мо аз ҷумла афсарону аскарон, варзишгарону намояндагони Ватан бо ҷазабаву шуҷоати бузург ва матонату фаросат эҳтиром қоил шуда, арҷгӯзорӣ менамоянд.

20) Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат, сарбаландӣ, соҳибихтиёрӣ, соҳибихтиёрӣ ва нерӯи роҳнамо барои шаҳрвандон мебошад.

21) Парчами миллӣ хеле муҳим аст, зеро он кишварро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

22) Парчами миллӣ ҳамеша рамзи ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносӣ мебошад.

23) Парчами давлатӣ фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро нишон медиҳад.

24) Рамзи фидокориҳо ва муборизаҳои пешвоёни бузурги миллат.

25) Рамз барои муттаҳид кардани шаҳрвандони кишвар.

26) Рамз барои дарки рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар.

27) Рамзи соҳибихтиёрии кишвар ба тамоми ҷаҳон.

28) Ранг ва рамзҳои парчам нишон баҳри ягонагиву ваҳдат.

29) Парчам рамз тарбияи миллатдӯстӣ миллатшиносӣ.

30) Парчам рамзи ваҳдати милливу ватандорӣ.

Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки Истиқлолият заминагузори худшиносӣ буда, рамзҳои миллӣ паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба суи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Рӯзи Парчам-ро барои ҳамватанон муборакбод гуфта, ба меъморону кабўтарони сулҳовари Тоҷикистон иқболу парвози абадӣ орзумандем.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Бознашр аз www.anrt.tj