Темур Раҳимов дар мусобиқаи European Judo Championships – Champions League 2022 иштирок мекунад

Санаи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории кишвари Гурҷистон мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо миёни бузургсолон European Judo Championships – Champions League (W&M) 2022 баргузор мегардад.

Дар мусобиқа 161-варзишгар аз 26-кишвари ҷаҳон, аз рӯи 10-вазн (5-вазн миёни мардон ва 5-вазн миёни бонувон) доир мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ягона варзишгар – Темур Раҳимов дар вазни ба изофаи 100кг намояндагӣ мекунад.

Бояд қайд намоем, ки дар айни ҳол Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо ҷудокори рақами як дар ҷаҳон аст.