Имрӯз бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва ҳайати ҳакамону масъулин даври ниҳоии озмун оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки озмун бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 22 августи соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеъру сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинаҳои эҷоди шеъри беҳтарин, қироати беҳтарини шеър, иҷрои суруди беҳтарин, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ менамоянд.
Дар он хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод доранд, ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон менамоянд.
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.