Истиқлолияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон, ки аз ҳузури пуршарафи он 31 сол сипарӣ шуд, барои кишвари мо марҳилаи тозаи бунёди ҷомеаи навини ба арзишҳои демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ягона такякунандаро насиб гардонид. Албатта, мушарраф шудан ба чунин неъмати пурбаҳо, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар даҳсолаи ниҳоии қарни бистум насиб гардид, дар канори овардани саодати беназире пас аз ҳазору сад соли ҳузури таърихии Давлати Сомониён бархӯрдҳо, мушкилоту муаммоҳоеро пешорӯи кишвар гузошт, ки ахиран ба шуруи ҷанги ба истилоҳ шаҳрвандӣ боис шуд.
Албатта, ба иттифоқи аҳли таҳқиқ ва коршиносони масоили сиёсӣ ин мушкилоти авзоъ, пеш аз ҳама, дар заминаи ҷаҳиши якбораи таърихӣ аз як сохтори сиёсӣ ба низоми дигар иттифоқ афтод ва шаҳрвандони кишвари мо ҳанӯз равишҳои ҳаллу фасли мусолиҳатомези ҳама гуна муноқишаҳо таҷрибаи кофӣ ва андӯхтаҳои зарурӣ дар ихтиёр надоштанд. Ҳарчанд таърихи миллати мо далелҳои фаровонеро дар хотираи худ дар ҳалли чунин тазодҳо маҳфуз дошт, ки ба кор гирифтан аз бахше аз онон метавонист авзоъро ба эътидол оварда, аз зуҳури ҷангу хунрезӣ ҷилавгирӣ намояд. Дар канори ин, камтаҷрибагӣ ва ноогоҳона қурбонии гуруҳҳои мухталифи дасисабоз ва мансабхоҳ гардидани асосан неруҳои ҷавонони мамлакат рухдодҳои номатлуберо дар сароғози қаламрави Истиқлолияти давлатии кишвар суръат бахшид. Дар натиҷа, Тоҷикистони азизи мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафта, хатари адами миллӣ пешорӯи давлат ва миллат қарор гирифт. Бародар дар муқобили бародари худ сангар гирифта, ин тазоду муқобилиятҳои бешуурона ва холӣ аз маънӣ боиси ҷорӣ шудани хуни ҳазорон афроди бегуноҳ ва ашки чашмони модарону наварӯсон гашт. Фазои кишварро абрҳои андуҳу ноумедӣ ғуборолуд гардонида, неруи эътимоду бовар дар вуҷуди инсонҳо ба тадриҷ коҳиш меёфт. Дар чунин рӯзгори нобасомон ва авҷи ҳузну яъс ва шикастаруҳии мардуми мо буд, ки Худованд башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадияи таърих ва пайки наҷоти миллати тоҷик ато овард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Ҳанӯз дар айёми баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон, замоне ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлобро бар дӯш доштанд, зимни муҳокимаи масъалаи авзои Тоҷикистон аз минбари ин анҷумани саодатофар пайки наҷот ва орзуи расидан ба сулҳу суботро бо итминон ва бовар ба неруи ақлонии миллати хеш баён доштанд: “Ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ қуввае қисмат кардани Тоҷикистони азиз муяссар намегардад. Онҳое, ки ба зӯри яроқ сари қудрат омадаанд ва ҳокимияти конститутсиониро ғасб кардаанд, лаънатзадаи халқ ҳастанд. Мо омода ҳастем ва қувваи кофӣ дорем, ки бо онҳо муборизаи беамон барем”. Дар он фурсатҳое, ки толори Иҷлосия ҳанӯз ҳам аз хархашаву баҳсҳои мухталиф, сару садоҳо лабрез буд, бори нахуст фазои сукуту оромии таҳаммулборро соҳиб шуд ва ҳатто, аксаран андаруни қалбҳояшон нидо дар доданд, ки кош чунин марди ҷасур, соҳибифтихор ва мутмаин бар қудрати худу миллати хеш соябони сари халқ гардад. Чун дар ҳарфу ҳиҷои вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов эътимод ва бовар, огаҳӣ аз таҷрибаҳои таърихии миллат ва андешаи муттако дар ин андӯхтаҳои таърихӣ нуҳуфта буд, ки метавонист маҷмуан роҳеро барои фардоҳо чароғон карда, истиқлоли воқеии миллатро ба унвони дастоварди беназири таърих таҳким бахшад. Ба иқболи мардуми тоҷик ҳамин тавр ҳам шуд ва ба қавле фариштаи омин дар гузар будааст, ки вакилон якдилона садои ниҳонии қалби хешро ба берун кашиданд ва бо ҳамовозии самимона раҳнамову ҳодӣ ва пешвои асили миллат – Эмомалӣ Раҳмонро соябоне ҳақиқӣ бар сари миллати хеш пазируфтанд. Сарвари тозаинтихоб дар аввал фурсати раҳнамоии худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо муроҷиати бародарона ва фарзандона изҳор дошт, ки “халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд”. Раҳбари нави кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди инсонӣ дар назди таърих ва такя бар неруи бузурги ақлонии аҳли ҷомеа паёмадҳои ногувор ва дардноки ҷанги шаҳрвандиро барои мардуми хеш шарҳу тафсир намуданд, то ки мардум бо эҳсоси баланди Ватандорӣ, ки дар ниҳодашон нуҳуфта доранд, аз хоби ғафлат бедор шуда, фоҷиаи нангини таърихиро ҷилавгирӣ намоянд. Дар ин суханронӣ бо дард таъкид шуда буд, ки “даҳҳо ҳазор одами бегуноҳ шаҳиду маҷруҳ шуданд. Имрӯз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бехонаву дар ва сарсону саргардон шудаанд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад”. Ин пайки воқеан, наҷоти миллат, ки дар аввалин фурсатҳои ҳузури Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо дод, тавонист бо манзур намудани барномаи муҳими давлати тозабарқарори тоҷикон роҳе равшану пайдоро рӯнамоӣ кунад. Бо натиҷагирӣ аз авзои баамаломада барқарор намудани маҷмуи мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо, бахусус сохторҳои қудратӣ, хомӯш кардани оташи ҷанг, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодии давлати фалаҷгардида муҳим-тарин вазифаҳое маҳсуб мешуданд, ки дар барномаи азнавсозии Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ касб намуданд. Муҳимтарин нуктае, ки зимни ин суханронӣ таъкид гардид, паёми сулҳ барои тамоми ҳамватанон ба шумор меояд, ки онро хамчун ваъдаи таърихӣ ва маҳсули анҷоми рисолати аслии инсонӣ ва раҳбарии хеш муаррифӣ намуданд. Ба ибораи дигар, раванди таҳкими истиқлолияти миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба таъмини сулҳу субот дар қаламрави кишвар пайванд меёфт, ки он дар шумори муҳимтарин ҳадафҳои Роҳбари давлат қарор гирифт. Ба ин хотир буд, ки Сарвари давлат бо дарки масъулияти баланд дар ҳузури намояндагони халқ баён доштанд, ки “ман ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба дӯш дорам”. Талош барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳ ёфтани кишвари мо ба харитаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин мақсад ва авомили муроҷиати роҳбари нави Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор омад, ки воқеан, дар фурсати хеле кӯтоҳ самараҳои матлуберо барои миллати азияткашидаи мо насиб гардонид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хирадварз, шахсияти бедордил ва меҳанпараст, дӯстдори халқи хеш нахустин иқдоме, ки аз сар гирифт, авфи умумӣ буд. Ин тадбир эътимод ва боварии мардумро боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани замони сулҳу оштии миллӣ тақвият бахшид. Маҳсули ин тафаккур ва андешаи хирадварзона дар сароғози марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон батадриҷ рӯ ба хомӯшӣ расидани ҷанги хуниншиор ва тантанаи сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин барномаи мубораки миллатсоз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат пиёда гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонопазири хеш шинохт. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун намод ё модели оштии зидҳо дар давлатҳои рӯ ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тавр, бо такя бар маҷмуи барномарезиҳое, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми наҷотофарини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, метавон ҳузури Иҷлосияи мазкурро сароғози истиқлоли воқеии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, ки ба тамоми барномаҳои аслӣ ва пурбаракоти Истиқлоли давлатӣ заминаҳои маҳкаме гузошт.
Сиёсати маънавиятасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи худро аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯзу фардоҳо пайванди муҳкам мебахшад, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа, бавижа насли наврасро ба ҳукми пойдевори мустаҳками истиқлолияти давлатӣ эътироф намуда, дар заминаи он зуҳури барномаҳои муҳим аз сар гирифта шуд. Ҳанӯз соли 1993 дар Тоҷикистон ба шоистагӣ ва дар сатҳи баланди миллӣ ҳазорумин соли ҳамосаи беза-воли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҷлил гардид. Ин достони безаволи мардонагӣ ва ҷасорату матонат тавонист, ки дар шуури маънавии ҷомеа таъсири пурбаракот гузошта, рамзҳои ваҳдатгароӣ, эҳтирос аз бародаркушиву фарзандкуширо дар миёни мардуме, ки он айём дар гирдоби ҷанги бемаънӣ ғӯтида буд, таблиғ намуд, то роҳ ба сӯи ваҳдати миллӣ ва ҳамдилӣ бигиранд. Ин сиёсати дурусту дурбинона воқеан, барои сабақомӯзии миллати мо аз гузаштаҳои хеш мусоидат намуда, дар нуқтаи олии шинохтанҳои хеш – давлатдории Сомониёнро ба ҳукми намунаи барҷастаи давлатсозиву миллатофаринӣ ба ихтиёр гирифт, ки маҳз таҷлили шукӯҳманди 1100-солагии давлатдории Сомониён моҳиятан ин тадбири сиёсиро ба амал пайванд бахшид. Воқеан, батадриҷ амалӣ шудани бахшҳои муҳими сиёсати маънавии Сарвари давлат дар заминаи бузургдошту гиромидошти шахсиятҳои таърихиву адабӣ, солгарду солномаҳои олиашон омилҳои фаровонеро барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва маънавии тоҷик дар остонаи қарни нави таърихӣ, дар айёми нуфузи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо заминагузорӣ намуд. Маҳз, футуҳи ҳамин сиёсат буд, ки ҷаҳониён дубора дар асри муборизаҳои технологӣ ба фарҳангу мероси пурбаракоти таърихии миллати мо бо нигоҳи нав муроҷиат намуданд. Таҷлил аз Мавлонои Румӣ ҳамчун инсони ормонӣ ва офарандаи шоҳасари мавсум ба “Қуръон” дар забони паҳлавӣ дигарбора башариятро ба муколамаи фарҳангу тамаддунҳо даъват намуд ва ба унвони китоби соли Амрико пазируфта шудани он таваҷҷуҳи Ғарбро ба фарҳанги инсонсолории ниёкони мо собит сохт. Дар заминаи бузургдошти устод Рӯдакӣ дар маҷмаи СММ баргузор шудани ҳамоиши илмӣ ва дар симои одамушшуаро шинохтани муаллими одамият ва дар таълимоти ҷаҳонсози Имом Абуҳанифа шарҳ дода шудани фалсафаи таҳаммулпазирӣ ва мадоро, ки бозгӯкунандаи муколамаи адёну мазоҳиб буда, ҷаҳони пуртазоди имрӯзро ба оштии фикрӣ мехонад, боз ҳам ба ҷаҳонӣ шудани падидаҳои сиёсати фарҳангии Пешвои миллати тоҷикон — ин ҳадияи таърих барои наҷоти миллат дар остонаи ҳазорсолаи нави таърихӣ ба шумор меравад. Ба поён расидани як барномаи мукаммали сатҳи ҷаҳонӣ – “Барномаи даҳсолаи амалиёт барои оби тоза”, ки давоми солҳои 2005-2015 дар саросари ҷаҳон бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараён гирифт, инчунин, истиқболи боз як ташаббуси Пешвои миллати мо таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва мавриди амал қарор гирифтани он ба падидаҳои сиёсати умумибашарӣ роҳ ёфтани иқдомоти кишвари мо дар симои ибтикороти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид меварзад. Таҷлили ҷашни мубораки 700-умин солгарди бузургдошти мутафаккир ва орифи номовари Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 5500 -солагии Саразми бостонӣ, 700- солагии Камоли Хуҷандӣ бо ҳузури муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ аз идомаи бомаром ва бобарори татбиқи ин сиёсати маънавиасос ва инсонгароёна паём расонда, нақши пурфайзи онро дар таҳкими истиқлоли миллӣ, бедории маънавӣ ва ҳувияти мардуми тоҷик ба таври барҷаста намоён мегардонад.
Дар низоми сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи барҷастаи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза ба низом ва тарҳандозии дархӯри замон ба роҳ андохта шуда, аз мақоми шоистае бархӯрдор гардид. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб ки “Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст” ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли нав-рас” мебошад, нашри осор, бун-ёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор доданд. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китобхонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб арзи ҳастӣ намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро рӯзи оғози сохт-мони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2007 эълом доштанд.
Ҷиҳати табаҳҳури лозими ҷомеа бо осори классикони адабиёти тоҷик ба нашри силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” асос гузошта шуд, ки он шомили мероси муътабари адабиёти классикии форсу тоҷик хоҳад буд. Дарозои даҳ соли охир тавассути нашриёти “Адиб” “Осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ”, нӯҳ ҷилд “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Рубоиёт”-и Умари Хайём, қасоиди Хоқонии Шарвонӣ, “Маснавии маънавӣ”, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, маснавиҳо ва девони Аттор Нишопурӣ, девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бедили Деҳлавӣ ва баргузидаи ғазалиёти шоирони дигар ва дар умум наздики панҷоҳ ҷилд аз ин силсила ва чандин асарҳои олиқадр аз шумори осори диниву маърифатӣ ва ахлоқӣ ба дасти хонанда расидаанд.
Дар канори ин бевосита бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат рӯи чоп омадани силсилаи осоре аз қабили “Таърихи ҷомеи тоҷикон” дар шаш ҷилд, Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ, осоре дар силсилаи “Тоҷнома”, ки дар доираи он беш аз 20 ҷилд осори адабиву таърихӣ ва сарчашмаҳои муҳим бевосита дар заминаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯи чоп омаданд, “Донишномаи Сомониён” дар се ҷилд, “Донишномаи Рӯдакӣ”, дар ду ҷилд, “Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик”, “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон” дар як ҷилд, “Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар шаш ҷилд ва осори мутааддид китоб дар силсилаи “Китобхонаи мактаб” ва садҳо кутуби дигар осори мутааддид аз илму адаби гузаштагон, ки бештарини онҳо бори аввал бо ҳуруфи имрӯза чоп шудаанд, аз татбиқи муваффақонаи ин ибтикороти густардаи фарҳангӣ паём мерасонанд. Баробари ин, дар доираи барномаҳои эълони соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ибтикори Пешвои миллат ба нашр расидани китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми кишвар дастрас шудани он воқеан, ибтикор ва корномаи беназири Сарвари давлати мо буд, ки дар амри таҳкими шуури маънавию динӣ, худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир гузошт. Баробари ин, дар Паёми солонаи хеш Пешвои миллат дар ин замина ибтикори тозаеро рӯи даст гирифтанд, ки он дар идомаи чунин тадбироти муҳиму наҷиб нашр ва ба тамоми хонандони тоҷикон дастрас намудани китоби бузург ва ба таъбири худи Пешвои миллат “Сарчашмаи худшиносии миллӣ”-и мардуми тоҷик- “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад. Ин ҳадияи маънавии Пешвои миллат ба тамоми мардуми кишвар дастрас гардида, дар сиришту андеша ва тафаккури ҳар фарди ватандӯст ва худогоҳи тоҷик такони ҷиддӣ бахшид, зеро барҳақ китоби “Тоҷикон” сарчашмаи бузурги худшиносии миллии тамоми мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, мутолиаи он метавонад равшангари роҳи худогоҳии мардуми кишвари мо ва чароғафрӯзи ҷодаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар тамоми хонадони мардуми кишвар бошад. Дар канори ин, шуруъ аз соли 2023 баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар баробари озмунҳои дигари “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” барои таҳаввулоти ҷиддии маънавӣ дар ҷомеа нақши муҳим ва муассир хоҳад гузошт.
Тааммул дар маҷмуи ин ибтикороти наҷиби ба андешаи таблиғи фарҳанги китобдориву китобхонӣ такякунанда ба ҳақиқат ин нуктаро муҷассам мегардонад, ки дар партави ин корномаҳои бузург ва ташаббусҳои зиёди дигар, пеш аз ҳама, шинохти фалсафаи хирадварзӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба хирадгароӣ, маърифатандӯзиву маърифатпарварӣ, эҳёи суннатҳои нодири китобхонии хоси тоҷикона нуҳуфтааст. Таърихи миллати тоҷик шаҳодати фаровонеро дар зеҳну хотираи хеш маҳфуз дорад, ки аз дуртарин айём ниёкони мо маҳфилҳоеро ба сурати “Рӯдакихонӣ”, “Гулистон”-у “Бӯстонхонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Мавлавихонӣ” ва баъдан “Бедилхонӣ” эҷод намудаву аз ин роҳ дар ташаккули тафаккури маънавии мардум нақши муассир мегузоштаанд. Бо нияти он ки фарзандони хеш ба камол расидаву афроди хирадманди маънавиятпарвар шаванд, ҳатто дар кӯдакӣ зери болини онҳо китобҳои бузургони моро мегузоштаанд. Ин андешаи муқаддас доштани китоб ва шинохти мақому ҷойгоҳи он дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллӣ бо идомаи ҳазорсолаҳо дар таърихи мардуми тоҷик имрӯз бо сурат ва сирати комилан наву тозае арзи ҳастӣ намуда, дар сиёсати маънавиятасоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда, аз ҷониби мардуми кишвар низ истиқболи тамом касб намуд.
Ҳамин тавр, бо ҳадафи ҷалби густурдаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа сар аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид ва, аллакай, се соли он натиҷагирӣ ва ҷамъбаст шуд. Баргузории озмуни мазкур дар баробари озмунҳои дигаре чун “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” дар давраҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ башорат аз он овард, ки воқеан, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб ва шинохти ҳунар таваҷҷуҳ намуда, новобаста аз синну сол дар амри хондану аз бар намудани осори фаровони адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт ва тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш нақши муассир гузоштанд. Хосса, ширкат ва ҳузури фаъоли кӯдакону наврасон дар ин озмун гувоҳ аз он дод, ки насли имрӯзи кишвар зербинои кохи муҳташами маънавиёт ва маърифату дониш, хиради хешро аз имрӯз тавассути андӯхтаву омӯхтаҳои хеш аз осори ниёкону адибони имрӯзи кишвар ва ҷаҳон истеҳком бахшида, дар шинохти ҷаҳони муосир бо диду назари нав роҳ мекушоянд. Ҳузури гус-тарда ва фаъоли намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф дар озмун бори дигар ҳақиқати ин андешаҳои судманди Пешвои миллатро дар робита ба фарҳанги мутолиа ва китобхониву китобдории тоҷикон дар масири таърих собит намуд, ки барҳақ фармудаанд: “…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.
Тавре гуфта омад, сар аз соли 2023 озмуни дигаре роҳандозӣ мешавад, ки он “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” унвон гирифта, ҳадафи аслии он ба мутолиаи китоби “Тоҷикон “ фаро гирифтани наслҳои ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамагон аз он огаҳем, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба тамоми хонаводаи мардуми тоҷик тақдим гардид. Ҳамакнун баргузории озмун имконият фароҳам меоварад, ки мардуми тоҷик аз мутолиаи китоби “Тоҷикон”, ки онро Пешвои муаззами миллат “сарчашмаи худшиносии миллӣ” унвон кардаанд, дар таҳаввули тафаккур ва андешаи миллии хеш таъсири пурфайз гузошта, барои ҳифзи якпорчагӣ ва арзишҳои истиқлоли миллии Тоҷикистон кӯшишу талош ба харҷ диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат борҳо дуруст таъкид намудаанд, ки чеҳраи ҷавонони имрӯз воқеан, аз чеҳраи насли ҷавони солҳои 90 ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳикоят аз он достонҳои мондагор ва беназири бунёди давлати навин, ки пушти онҳо ҳазорон қиссаву достони мардонагӣ ва ҷасорату қурбониҳои беназир нуҳуфтааст, воқеан, барои насли имрӯз сабақи муҳим хоҳад буд, чун ваҷҳи ин саодат ва ин рӯзҳои офтобиро бояд ҷавонони мо дарку эҳсос кунанд ва ҳамин шеваи муносибати ба таърих ҳамчун рукни муҳими давлатсозӣ метавонад ҷавонони моро ба сӯи корномаҳо ва муҳимтар аз ҳама расидан ба қадри озодиву нишоти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳидоят созад. Умедворам, ки таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии кишвар, ки имсол шукӯҳу нусрати ин ҷашнҳо боз ҳам бештар мегардад, марҳилаи тозаеро барои шинохти таърихи навини Тоҷикистони азиз ҳамчун дарси бузурги миллатсозӣ ва оини давлатдорӣ фатҳ намуда, нусрату шукӯҳи фузунеро барои имрӯзу фардои мо ато хоҳад кард.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология,
профессори МДТ “Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд
ба номи академик
Б. Ғафуров”
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»