Дирӯз Маркази сершуғли муҳоҷирати Маскав дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кард. Вазифаи асосии Марказ аз он иборат аст, ки ба сокинони ҷумҳурӣ дар пайдо кардани кор дар Маскав, гузаронидани тамоми санҷишҳои зарурӣ, аз ҷумла малакаҳои касбӣ, донистани забони русӣ ва иҷозати вуруд ва кор ба Русия, инчунин кӯмак ба корфармоён дар пайдо кардани кормандони эҳтимолӣ имконият фароҳам оварад.
Гуфта шуд, ифтитоҳи намояндагӣ дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар маросими мазкур муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук, сафири фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорьев, вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач, сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав Мария Багреева, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода иштирок доштанд.
Сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав Мария Багреева зимни маросими кушодашавии маркази сершуғли муҳоҷират иброз дошт, ки “ифтитоҳи намояндагии Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маскаву Душанбе мусоидат мекунад.”
Ба таъкиди Мария Багреева ба вазифаҳои намояндагӣ пешбурди махзани маълумот оид ба ҷойҳои корӣ ва довталабон, ташкили мусоҳибаҳои онлайнӣ ва арзёбии салоҳиятҳои касбии номзадҳо ба кор дохил мешаванд. Илова бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар бораи қоидаҳои будубош ва кор дар Федератсияи Русия, мушаххасоти додани корти муҳоҷират маслиҳат гирифта, барои гирифтани патент пешакӣ муроҷиатнамоянд. Ҳамзамон, Маркази сершуғли муҳоҷират ба шаҳрвандон барои харидорӣ намудани чиптаҳо кӯмак намуда, имкон медиҳад, то дар Маркази байналмилалии тиббии Маскав ба қайд гирифта шаванд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон пас аз Узбекистон дуввумин кишваре шуд, ки Маскав дар чаҳорчӯби ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ бо он ҳамкорӣ кардааст.
Парвина Самандарзода
радиои «Тоҷикистон»