9-уми ноябр бо ташабуси кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудавари илмиву амалӣ бахшида ба зодрузи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар мавзӯъи “Саҳми Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар густариши адабиёти шарқ” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти донишгоҳ сафири Покистон дар Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст дар чорабинӣ ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода баромад намуда, иброз дошт, ки гузаронидани маҳфили рӯзи Иқбол дар ДМТ ба ҳукми анъана даромадааст. “Ҳарчанд ин як бахши илму фарҳанг бошад ҳам дар маҷмӯъ ифодакунандаи эътибори хос додани аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ва умуман халқи тоҷик ба мардуми Покистон ва фарҳанги волои он мебошад”,-иброз намуд Қобилҷон Хушвахтзода.
Ба андешаи ректори Донишгоҳ воқеан Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи шоирони радаи аввали адабиёти оламгири форси тоҷик аст, ки бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри аҷамро нафаси тоза бахшида, забони форсии тоҷикиро дар сарзамини Покистон аз сари нав зинда гардонид ва ба мусулмонон ва умуман ба мардумони ситамдилаи ҷаҳон паёми озодиро расонид ва ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар ҷаридаи олам ҷовидона сабт намуд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар низ дар бораи бузургии Иқболи Лоҳурӣ изҳори андеша карда, саҳми ин мутафакири барҷастаро дар ташакули худшиносии мардуми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд. Ба андешаи Имрон Ҳайдар Алома Муҳаммад Иқбол шоири мумтози замони худ, адиб, файласуфи барҷаста, пешвои дурандеш ва арзишманди сиёсӣ ва мутафаккири бузург ба ҳисоб меравад.
“Иқбол шоири умумибашарӣ маҳсуб мешавад, зеро паёми ӯ на танҳо ба мусулмонони зери қитъа балки дарвоқеъ барои уммати мусалмон ва тамоми башарият пешбинӣ гардидааст. Иқбол як шахсияти барҷастаи асри 20 буд ва ба миллионҳоо одамон дар саросари ҷаҳон таъсир расонд. Ҳеҷ таърихӣ фалсафӣ ва адабӣ бидуни зикри Иқбол комил буда наметавонад. Ислоҳоту инқилоб дар фарҳанг ва тамаддунро ҳадафи ашъор ва дигар таълифоти худ қарор дода, ҳамчун мутафири содиқ ва устувор баҳри саодати мардум кушиш намудааст”-зикр намуданд Имрон Ҳайдар.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ устоди кафедраи филологияи Ҳинд, Раҷабов Ҳабибулло дар мавзӯъи “Шуҳрати ҷаҳонии Иқболи Лоҳурӣ” ва мудири кафедраи филологияи ҳинду покистон Қурбонов Ҳайдар дар мавзӯъи “Ватанпарастӣ дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ ва Аҳмад Фароз” маъруза намуданд. Таъкид гардид, ки Муҳаммад Иқбол пеш аз ҳама ғами мардуми шарқро мехурд, ки зери асорати мустамликадорони англис монда буданд ва бори гарони зиндагии талхро мекашиданд. Муҳаммад Иқбол ба воситаи осори худ дар руҳияи мардуми азиятдида эҳсоси худшиносиро бедор месохт.
Ҳамин тавр, дар охир донишҷӯёни шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ ва урду шеърҳо қироат намуданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сафорати Покистон дар Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Баҳруллои М
радиои «Тоҷикистон»